Гуфта мешавад, ки онҳо донишҳои зарурии динӣ ва иҷозатнома надоштанд, аммо дар маҷмӯъ 15 ноболиғро таълим медоданд. Дар як хона 10 кӯдак, дар хонаи дигар 5 кӯдак бо ҷой ва шароити дарсӣ нигоҳ дошта мешуданд. Барои ҳар як кӯдак моҳона аз 1 миллион сӯм то 300 доллари ИМА мегирифтанд ва дар баъзе ҳолатҳо нисбат ба кӯдакон фишори ҷисмонӣ низ истифода мекарданд.
Аз рӯи ин ҳолат нисбат ба волидайне, ки уҳдадориҳои худро дар тарбия ва таълими кӯдакон иҷро накардаанд, чораҳои маъмурӣ татбиқ шуданд. Нисбати ду нафари машғул ба таълими ғайриқонунии динӣ бошад, бо қисми 2-юми моддаи 229 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Тафтишот идома дорад.