Муайян шудааст, ки гумонбар барои "ҳаллу фасл" кардани натиҷаҳои санҷиши андоз 110 ҳазор доллар талаб кардааст. Санҷиш аз ҷониби Идораи андози вилоят нисбат ба як ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, ки ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон машғул аст, гузаронида шудааст. Дар ҷараёни аудити андоз, қарзҳои андозӣ ва пардохтҳои ҳатмии дигар ба маблағи 72 млрд 956 млн сӯм ошкор гардиданд. Барои ҳал кардани масъала кормонди бонк мехост аз шиносҳои мансабдораш истифода барад.
Дар натиҷаи амалиёт, ки аз ҷониби Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон, Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ гузаронида шуд, гумонбар ҳангоми гирифтани 30 ҳазор доллар — қисми маблағи пешакӣ мувофиқашуда дастгир гардид.
Бар асоси далелҳои бадастомада нисбат ба ӯ бо моддаи 168 қисми 4 банди «а» ва моддаи 28, 211 қисми 3 банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ба сифати чорабинии пешгирӣ ҳабс интихоб гардидааст. Айни ҳол тафтишот идома дорад.