Дар рафти вохӯрӣ махсусан қайд гардид, ки ба имзо расидани меморандумҳои «Дар бораи табодули иттилооти электронии гумрукӣ ва интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ», «Дар бораи табодули иттилооти электронӣ тавассути E-TIR» ва «Дар бораи татбиқи ҳамлу нақли байналмилалии бор ва транзит тавассути бандари "Чобаҳор” рӯйдоди муҳими таърихӣ дар рушди ҳамкориҳои ду кишвар гардид, хабар медиҳад АИ “Дунё”.
Ба иҷрои комили тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда, густариши ҳамкориҳо дар бахши нақлиёт ва логистика, аз ҷумла истифодаи муассир аз бандарҳои Чобаҳор ва Бандар Аббос таваҷҷуҳ дода шуд.
Дар бораи имкониятҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёт ва логистика, пешбурди долони нақлиётии “Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Уммон” табодули афкор сурат гирифт.