Бояд гуфт, ки бахшида ба маросими ифтитоҳи расмии машқҳо 14 июл таҳти мавзуи “Амалиёти махсуси қӯшунҳо ҷиҳати нест кардани сохторҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ” чорабинӣ баргузор гардид.
Ба ин машқҳо гурӯҳҳои махсуси иборат аз қариб 400 хидматчиёни ҳарбӣ ҷалб гардида, ҷониби Русия бо техникаҳои ҳарбии худ иштирок дорад. Низомиёни ду давлат машқҳои махсусро ҷиҳати идора кардани ҳамкории гурӯҳҳо дар вазъияти ҷангӣ, таъмини бехатарии марзи давлатӣ ва нест кардани душмани шартӣ анҷом медиҳанд.
Дар доираи машқҳо баргузории тамринҳои гуногуни ҷангӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ низ дар назар аст.
Ёдовар мекунем, ки машғулотҳои бозомӯзӣ тӯли 10 рӯз тибқи нақшаи ҳамкории низомии байни ду давлат амалӣ мегарданд.








