Дар ин бора, чунон ки АЗЕРТАДЖ хабар медиҳад, вазири корҳои оила ва хадамоти иҷтимоии Туркия Маҳинур Оздемир Гёкташ дар эфири яке аз шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ӯ, аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ворид намудани рақами шаҳодатномаи шахсият ва тасдиқи минбаъдаи он талаб карда мешавад.
«Мо дигар иҷоза намедиҳем, ки кӯдакон ва наврасон ҳамчун “объекти тиҷоратӣ” истифода шаванд. Хонандагон ба интернет вобаста мешаванд, ки ин ба сатҳи таҳсилашон низ таъсири манфӣ мерасонад. Аксаран шабакаҳои иҷтимоӣ кӯдаконро ба ҳолати стресс меоранд», — таъкид кард вазир ва афзуд, ки ин навоварӣ аз охири моҳи январи соли 2026 ҷорӣ карда мешавад.