Дар Урганч шоҳроҳи зеризаминӣ кушода шуд

    Шаҳришавӣ 16 Dekabr 2021 1091

    Чунон ки маълум аст, дар моҳи январи соли ҷорӣ сохтмони аввалин роҳи зеризаминӣ дар шаҳри Урганҷ огоз ёфт. 15 декабри соли 2021 ин иншоот ба истифода дода шуд. Нақб 500 метр дарозӣ дошта, бараш 17 метр аст. Иқтидори гузарониши ин қитъаи роҳ дар як соат 3200 мошинро ташкил медиҳад.

    Бояд гуфт, ки ин навъи магистрали зеризаминӣ дар қисмати минтақаҳои ҷумҳуриамон бори аввал сохта шудааст. Пудратчии генералии сохтмон КУ «Трест Куприкқурилиш» мебошад. Дар сохтмони ин купрӯк отряди 14-уми купруксозӣ ва 140 воҳид таҷҳизоти махсуси сохтмон ва зиёда аз 1800 нафар муҳандисон, бинокорон ва устоҳои соҳибихтисос кор карданд.

    Ҳоло кӯчаҳои Ал-Хоразмӣ ва Ислом Каримов дар шаҳр сероҳаракаттаринанд: ба ҳисоби миёна дар кӯчаи Ал-Хоразмӣ 18 ҳазор ва дар кӯчаи Ислом Каримов 14 ҳазор мошин ҳаракат мекунанд. Зиёда аз 200 автобусу микроавтобусҳо низ ҳар рӯз тавассути тунел ҳаракат карда, ба ҳисоби миёна ба 30 ҳазор мусофир хизмат мерасонанд. Тибқи пешгӯии коршиносон, бунёди нақби зеризаминии автомобилӣ боиси коҳиши бандии ин чорроҳа мегардад.

    Қобили зикр аст, ки дар баробари бунёди роҳи зеризаминӣ ҳудуди наздики канали Қирғизёп таҷдид карда шуда, дар ин ҷо иншооти муҳофизатӣ насб карда, корҳои ободонӣ анҷом дода шуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти иттилоотӣ-таҳлилии «Ӯзбекистон темир йӯллари».

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates