Қатораҳои барқӣ аз панҷ вагон иборат буда, барои интиқоли 415 мусофири
синфи иқтисодӣ пешбинӣ шудаанд.
Хива
– Бухоро – Хива: аз 9 сентябри соли 2026
Қатораи
барқии №707 «Хива – Бухоро-1» ҳар рӯз, ба истиснои рӯзи сешанбе, ҳаракат
мекунад:
аз
Хива — соати 09:55;
ба
Бухоро — соати 14:32 мерасад.
Қатораи
барқии №706 «Бухоро-1 – Хива» ҳар рӯз, ба истиснои рӯзи душанбе, ҳаракат мекунад:
аз
Бухоро — соати 15:45;
ба
Хива — соати 20:25 мерасад.
«Бухоро-1
– Тошканд – Бухоро-1»: аз 14 сентябри соли 2026
Қатораи
барқии №701 «Бухоро-1 – Тошканд» ҳар рӯзи душанбе ҳаракат мекунад:
аз
Бухоро — соати 15:17;
ба
Тошканд — соати 21:22 мерасад.
Аз
15 сентябри соли 2026:
Қатораи
барқии №702 «Тошканд – Бухоро-1» ҳар рӯзи сешанбе ҳаракат мекунад:
аз
Тошканд — соати 10:05;
ба
Бухоро — соати 15:17 мерасад.
Дар
ҷадвали ҳаракати дигар қатораҳо низ тағйирот
ворид карда шуд
Ба муносибати ба роҳ мондани қатораҳои
нави барқӣ ба ҷадвали ҳаракати қатораҳои зерини
мусофирбар низ тағйирот ворид карда шудааст:
№56
«Тошканд-Ҷанубӣ – Хива» — аз 8 сентябр;
№58
«Тошканд-Ҷанубӣ – Шовот»
— аз 10 сентябр;
№127/128
«Андиҷон – Қунғирот» — аз 8 сентябр;
№301
«Душанбе – Тошканд» — аз 15 сентябр;
№6412
«Тошканд-Ҷанубӣ – Ҳавос» — аз 15 сентябр, рӯзҳои сешанбе;
№6353
«Урганҷ – Нукус» — аз 9 сентябр.
Ба
мусофирон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми банақшагирии сафарҳо тағйироти ҷадвали
ҳаракати қаторҳоро ба назар гиранд.