Дар Урумчӣ Форуми СҲШ «Соли сайёҳӣ-2023» оғоз шуд

    Сайёҳӣ 24 Noyabr 2023 2061

    Ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи сайёҳӣ Умид Шодиев дар Форуми Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) Соли сайёҳӣ – 2023», ки субҳи имрӯз дар шаҳри Урумчии ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур (НМШУ) Чин оғоз шуд, иштирок мекунад.

    Анҷуманро раиси ҳукумати ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур Эркин Туниёз ва дабири кулли СҲШ Чжан Мин ифтитоҳ намуданд, хабар медиҳад АИ “Дунё”.

    Дар кори форум роҳбарони идораҳои сайёҳӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сохторҳои давлатӣ ва соҳибкорӣ, коршиносони соҳаи сайёҳӣ ширкат доранд.

    Иштирокчиён ташаббусҳои муштаракро оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар фазои СҲШ баррасӣ хоҳанд кард.

    Ёдовар мешавем, ки Форуми СҲШ аввалин форуми мавзӯӣ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ мебошад, ки соли 2022 дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Самарқанд эълон шуда буд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates