Дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд меҳмони олиқадрро муовини вазири экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлим Жусипбек Казбеков пешвоз гирифт.

Барои маълумот: Доктор Гретел Агилар аз моҳи октябри соли 2023 ба ҳайси роҳбари ИБҲТ кор мекунад. Таҷрибаи 30-сола дар соҳаи ҳифзи табиат ва рушди устувор, татбиқи қонунгузории экологӣ дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар чаҳорчӯби CMS COP14 ифтитоҳи нахустин намояндагии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат дар Осиёи Марказӣ дар назар аст, ки дар Тошканд ҷойгир хоҳад шуд.