Тавре ки хадамоти матбуоти Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии Ӯзбекистон хабар дод, кӯдакро як корманди Маркази махсуси дастгирии кӯдакони муҳтоҷи хизматрасонии иҷтимоии шаҳри Алма-Ато ҳамроҳӣ мекард.
Ҳангоми қабулкӯдак муваққатан ба Маркази кумаки иҷтимоию ҳуқуқӣ ба ноболиғони назди Раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд ҷойгир карда шуд. Пас аз гузаштани тамоми тартиботи зарурӣ, ӯ мувофиқи қоида ба волидонаш супурда шуд.
Мушоҳида ва дастгирии минбаъдаи иҷтимоии кӯдак аз ҷониби кормандони Маркази иҷтимоии «Инсон» дар маҳалли зисташ таъмин карда мешавад.








