Мувофиқи қарор, нишондиҳандаҳои асосии мақсадноки зиёд намудани истеҳсоли картошка ва рушди тухмипарварии он дар ҷумҳурӣ чунин муайян шудаанд:

аз соли 2028 оғоз намуда, ҳамасола на кам аз 10 миллион дона мини-лӯндаи картошка бо сатҳи нешзанӣ на камтар аз 85 фоиз таъмин карда шавад;

баланд бардоштани ҳосилнокии миёнаи картошка дар ҷумҳурӣ то соли 2030 аз 16–17 тонна ба 25–30 тонна.

Вазорати кишоварзӣ ҳар сол то 1 декабр ба муассисаҳои илмӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ оид ба ҳаҷми ниҳолҳои «in-vitro», микро- ва мини-лӯндаи картошка, ки дар соли оянда парвариш карда мешаванд, фармоиш медиҳад.

Барои маблағгузории хароҷотҳои парвариши картошка аз ҳисоби маблағҳои Фонди дастгирии давлатии соҳаи кишоварзӣ тавассути бонкҳои тиҷоратӣ қарзҳо ҷудо карда мешаванд. Ҳаҷми қарз то 50 фоизи арзиши ҳосил бо меъёри солонаи 12 фоиз барои муҳлати 12 моҳ, аз ҷумла бо давраи имтиёзии 6 моҳа, дар асоси полиси суғуртавӣ муайян мегардад.

Илова бар ин, аз 1 январи соли 2026 қисми то 50 фоизи хароҷоти истеҳсолкунандагони картошка барои насби панелҳои офтобӣ, вале на зиёда аз 50 миллион сӯм, аз Буҷети давлатӣ ҷуброн карда мешавад.