Дар Ӯзбекистон Феҳристи оилаҳои камтаъмин ташаккул дода мешавад

    Буриши иҷтимоӣ 24 Sentabr 2024 1241

    Фармони Президент «Дар бораи ба марҳилаи нав баровардани тадбирҳо оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ» (ФП No143 аз 23 сентябри соли 2024) қабул гардид.

    Тибқи ин фармон, аз 1 декабри соли 2024 Агентии миллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар асоси натиҷаҳои омӯзиши "ҳафтгонаи маҳалла" бобати вазъи иҷтимоии оилаҳои камбизоат ва сабабҳои ба камбизоатӣ дучор шудан Феҳристи оилаҳои камбизоат ташаккул дода мешавад.

    Аз 1 январи соли 2025:

    дар сурати ба кор даромадан, худшуғлкунӣ, ташкили фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби аъзои расман бекори оила, ки барои фарзандон аз оилаҳои камбизоат кумакпулӣ ва ёрии моддӣ мегиранд, пардохти ин кумакпулӣ ва ёрии моддӣ то ба охир расидани муҳлати пардохти онҳо идома меёбад, вале ба мӯҳлати на бештар аз 6 моҳ;

    барои аъзои оилае, ки ба Феҳристи оилаҳои камбизоат дохил карда шуда, дар ҷои кори маоши ҳармоҳаи меҳнаташ на камтар аз 1,5 баробари миқдори ҳадди ақали музди меҳнат ба кор ҷойгир шудааст, андози иҷтимоӣ ба муҳлати 3 сол ба андозаи 1 фоиз пардохт карда мешавад;

    тадбирҳои дастгирии оилаҳои камбизоат дар асоси шартномаи иҷтимоӣ бо дарназардошти чунин шартҳо, аз қабили таъмини шуғли аъзои қобили меҳнати оила, истифодаи самараноки заминҳои шахсии онҳо (зироат коштан), таҳсилот, азхудкунии касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ аз ҷониби аъзои оила, аз ҷумла кӯдакон, инчунин назорати саломатии онҳо ва тоза нигоҳ доштани хонаҳо расонда мешаванд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates