Дар Ўзбекистон “Маркази дастгирии сармоягузорон” ташкил карда мешавад

    Сармояҳо 20 Oktabr 2022 946

    Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба тезондани фаъолияти инноватсионӣ ва сармоягузорӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ" (15.10.2022 й., №606) қабул гардид.

    Дар шаҳрҳои Нуқус, Бухоро, Ҷиззах ва Намангон дар солҳои 2023-2026 зина ба зина бунёд намудани технопаркҳо дар шакли технопарки "Inno", ки дар Тошканд сохта шудааст, ба нақша гирифта шудааст.

    Мувофиқи қарор, вазифаҳои асосии технопаркҳо инҳо муайян шудаанд:

    ҷалби ҷавонони лаёқатманд, донишҷӯён, олимон, омӯзгорон ба фаъолияти инноватсионӣ дар технопарк;

    ташкил кардани бизнес-инкубаторҳо, майдончаҳои озмоишӣ дар технопарк;

    таҳия, татбиқ ва маблағгузории лоиҳаҳои стартапи ҷавонони ташаббускор;

    баргузор намудани тренинг ва дарсҳои маҳорат бо иштироки намояндагони ширкату коршиносони бонуфузи хориҷӣ.

    Дар сохтори Маркази лоиҳаҳои сармоягузорӣ Маркази лоиҳаҳои перспективӣ ва муҳандисӣ таъсис дода мешавад.

    Дар назди Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ "Маркази дастгирии сармоягузорон" созмон дода мешавад.

    Ба иттилои Вазорати адлия, марказ ваколатдор аст, ки масъалаҳоро дар ҳама сатҳҳо дар асоси равиши инноватсионӣ ҳаллу фасл намуда, сармоягузорон ва соҳибкоронро аз рӯи принсипи «равзанаи ягона» дастгирӣ намояд.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates