Дар Ӯзбекистон Маркази олимпиадаҳои фаннӣ таъсис дода мешавад

    Таълим 11 Oktabr 2024 1173

    Қарори Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани низоми кор бо ҷавонони болаёқат» (ҚП № 346) қабул гардид. Мувофиқи қарор дар назди Агентии муассисаҳом махсуси таълимӣ Маркази олимпиадаҳои фаннӣ (Марказ) таъсис дода мешавад.

    Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Марказ муайян ва интихоби ҷавонони лаёқатманди ба амиқтар омӯхтани фанҳои фаннӣ шавқманд, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди минбаъдаи қобилият ва истеъдоди онҳо мебошад.

    Аз соли 2025 Марказ:

    пойгоҳи хонандагони лаёқатмандро, ки дар олимпиадаҳои байни хонандагони синфҳои 5–8 бомуваффақият иштирок ва натиҷаҳои баланд нишон додаанд, ташкил намуда, омодагии мақсадноки онҳоро ба олимпиадаҳои байналмилалӣ муқаррар менамояд;

    аз рӯи ҳар як фан барномаҳои таълимӣ, адабиёт, тавсияҳои методӣ, дастуру журналҳо тартиб медиҳад;

    барои мунтазам такмил додани ихтисоси мураббиён ва муаллимон барои ба олимпиадаҳои фаннӣ омода намудани хонандагон шароити зарурӣ фароҳам меорад, ба онҳо усулҳои навро меомӯзонад;

    амалияи гузарондани машғулиятҳои якҷояи командаҳои яккачинро аз рӯи олимпиадаҳои фаннӣ бо командаҳои мунтахаби мамлакатҳои хориҷӣ ба роҳ мемонад;

    барои рафъи фишори равонӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ барои донишҷӯён семинарҳо ва тренингҳои ҳавасмандкунанда ташкил мекунад;

    барои ҷавонони болаёқат "лагерҳои зеҳнӣ" ташкил мекунад.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates