Дар Ўзбекистон замимаи махсуси бепули мобилӣ бо китобҳо ба забони ӯзбекӣ таъсис дода мешавад

    Рақамисозӣ 29 Noyabr 2023 2972

    Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон "Дар бораи чораҳо оид ба татбиқи лоиҳаи "Ҳазор китоб барои ҷавонон" "ҚП №380 аз 28 ноябри соли 2023) қабул гардид.

    Мувофиқи қарор Агентии оид ба кор бо ҷавонон лоиҳаи "Ҳазор китоб барои ҷавонон" татбиқ карда, дар баробари ин 1000 адад китобҳои машҳури ҷаҳон ба забони ӯзбекӣ тарҷума карда мешаванд.

    Тарҷума ва нашри китобҳо дар марҳилаҳои зерин сурат мегирад:

    дар марҳилаи аввал - ҳар сол Шўрои коршиносон рўйхати пешакии китобҳоро тартиб медиҳад;

    дар марҳилаи дуюм - рўйхати пешакӣ дар системаҳои иттилоотии Агентии кор бо ҷавонон барои интихоби аҳолӣ бо роҳи овоздиҳӣ ҷойгир карда мешавад ва ба ин васила рўйхати ниҳоӣ ташаккул меёбад.

    Дар доираи лоиҳа камаш 20 фоизи асарҳои илмӣ-оммавӣ ба рӯйхати китобҳое, ки ҳар сол нашр мешаванд, дохил карда мешаванд.

    Дар солҳои 2023-2024 барои тарҷума, омодагӣ ба чоп ва нашри 50 китоби қаблан ташаккулёфта тадбирҳо андешида мешаванд.

    Хариди давлатии марбут ба тарҷума, омодагӣ ба чоп ва нашри китобҳо бо роҳи интихоби беҳтарин пешниҳодҳо ва гузаронидани тендер байни довталабон сурат мегирад.

    Замимаи махсуси мобилӣ таъсис дода мешавад, ки он адабиётҳоро бо забони ӯзбекӣ гирд меоварад ва ба аҳолӣ имконияти ройгон дастрас намуданро фароҳам меорад, хабар медиҳад Вазорати адлия.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates