Дар ин бора сардори раёсати интиқоли технологияҳои Вазорати рушди инноватсионӣ Ҷамолиддин Бабахонов хабар дод.

«Интизор меравад, ки дар ҳамкорӣ бо ширкати канадагию словакиягӣ  дар Ӯзбекистон амалияи барвақт муайян кардани саратон аз рӯи антитело оғоз карда шавад.

Дар Ӯзбакистон барои бармаҳал муайян намудани саратон хун месупоранд, он ба озмоишгоҳи махсус фиристода мешавад ва сипас онро ба кишварҳои ҳамсоя мефиристанд. Ин тақрибан ду моҳро дар бар мегирад. Ва агар технология маҳаллӣ гардонда шавад, ин тартиб ду ҳафта тӯл мекашад.

Азбаски дар Ӯзбекистон чунин таҷриба вуҷуд надорад, одамон барои ташхис тақрибан 2 миллион сӯм сарф мекунанд. Агар он дар кишвари мо роҳандозӣ шавад, тақрибан 500 ҳазор сӯм арзиш дорад, ки ин чаҳор маротиба арзонтар аст ”, - гуфт Ҷ.Бабаханов.