Дар Ӯзбекистон кафолатҳои ҳуқуқии ҳимояи шаҳрвандон пурзӯр карда мешаванд

    Бо қонун, ки Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон ҚҶӮ № 963 аз 20.09.2024) имзо кардааст, ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст.

    Қонуни мазкур ба баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар таҳрири нав муқаррар намудани меъёрҳои ҳуқуқие, ки дар Конститутсия ифода шудаанд, вобаста ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро пешбинӣ мекунанд, тағйироту иловаҳо ворид менамояд.

    Ҳамчунин муқаррар шудааст, ки тибқи тағйироте, ки ба Қонун «Дар бораи хизмати давлатии шаҳрвандӣ» ворид карда шудааст, доғи судии хешовандон ва оқибатҳои ҳуқуқӣ барои маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми қабул ва иҷрои хизмати давлатӣ асос шуда наметавонад.

    Илова бар ин, тибқи тағйироте, ки ба Қонун «Дар бораи кафолатҳои озодии фаъолияти соҳибкорӣ» ворид карда шудааст, субъектҳои соҳибкорӣ тибқи қонун ҳуқуқ доранд, ки ҳар гуна фаъолиятро анҷом диҳанд ва самтҳои онро мустақилона интихоб кунанд.

    Қонун аз рӯзи интишори расмӣ мавриди амал қарор мегирад, хабар медиҳад Вазорати адлия.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates