Дар Ӯзбекистон дипломҳои донишгоҳҳои хусусии бидуни иҷозатнома эътироф намешаванд

    Таълим 16 May 2022 3038

    Дар Ўзбекистон дипломҳое, ки мактабҳои олии ғайридавлатии рухсатномаи Инспексияи давлатии назорати сифати таълими низди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистонро надошта додаанд, эътироф кардав намешаванд.

    Дар ин бобат дар брифинг дар АИКО бо иштироки роҳбари хидмати иттилоотии Инспексияи давлатии назорати сифати таълими низди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Хожақулов хабар дода шуд.

    Дар кишвари мо барои гирифтани иҷозатнома ва фаъолияти қонунӣ ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии ғайридавлатӣ монеае нест. Масалан, агар дар солҳои 2018-2020 шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии ғайридавлатии иҷозатномадор 13 ададро ташкил дода бошад, танҳо дар соли 2021 ба 21 муассисаи олии таълимии ғайридавлатӣ иҷозатнома дода шудааст.

    Хидмати Инспексияи давлатӣ оид ба назорат довталабон ва волидайнро пеш аз пардохти маблағ ба ягон муассисаи олии таълимии ғайридавлатӣ огоҳ мекунад, ки оё ин муассиса дар вебсайти Инспексия мавҷуд аст ё на, ё ба Инспексия (+998 71 231 07 53, press@tdi. uz , @Uztdibot) муроҷиат кунанд ва мавҷудияти иҷозатномаро дар мактаби олии интихобшуда аниқ намоед.

    Ба гуфтаҳои: «Мо барои гирифтани иҷозатнома дархост додем, ба зудӣ дода мешавад, аммо шумо таҳсил кардан гиред!» бовар накунед.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates