Дар Ӯзбекистон ҳаҷми хидматрасониҳои бозорӣ ба 458,2 триллион сӯм расид

    Тибқи маълумоти пешакии Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон, дар тӯли аз моҳи январ то июни соли 2025 ҳаҷми хидматрасониҳои бозорӣ дар кишвар ба 458,2 триллион сӯм расид.

    Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 89,4 триллион сӯм ё 13,3 фоиз зиёд шудааст.

    Барои маълумот: дар моҳи январ–июни соли 2024 ҳаҷми хидматрасониҳо 368,8 триллион сӯмро ташкил дода буд ва суръати рушд дар сатҳи 112,9 фоиз қарор дошт.

    Дар моҳҳои январ–июни соли 2025 ҳаҷми хидматрасониҳои бозорӣ ба ҳар сари аҳолӣ 10 миллион сӯмро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,1 фоиз зиёд аст.

    Дар ҳамин давраи соли 2025 ҳаҷми хидматрасониҳои бозорӣ, ки аз ҷониби субъектҳои соҳибкории хурд анҷом дода шудаанд, ба 250,9 триллион сӯм баробар буда, 54,8 фоизи ҳаҷми умумии хизматрасониҳои бозориро ташкил медиҳад.