Лого Лого-пв-уз

    Дар Ўзбекистон Ҷашнвораи байналмилалии рақси “Лазгӣ” кушода мешавад

    Фарҳанг 25 Aprel 2022 1030

    25-30 апрел дар шаҳри Хеваи вилояти Хоразм Ҷашнвораи байналмилалии рақси “Лазги” кушода мешавад. Чорабинии мазкур аз ҷониби ЮНЕСКО, Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ, Вазорати фарҳанг, ҳокимияти вилояти Хоразм ва идораҳои дигар ташкил карда шуд. Интизор меравад, ки дар чорабинӣ меҳмонон аз беш аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат кунанд.

    Дар доираи ҷашнвора бахшида ба санъати рақс павилонҳои намоишгоҳҳо, намунаҳои асбобоҳои миллии мусиқӣ ва либосҳо, маҳсулоти ҳунармандӣ ва санъати амалӣ, ҳайкалтарошӣ, филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ, дискҳои сабти овоз ва видео, китобҳо, албомҳо, суратҳо, инчунин савдои онҳо дар ҳудуди маҷмӯи "Ичан-Қалъа" ташкил карда мешаванд.  

    Ёдовар мешавем, ки рақси хоразми "Лазгӣ" ба Рӯйхати репрезентативии мероси фарҳангии башарият ҳамчун унсури мероси фарҳангии Ӯзбекистон шомил шудааст. Ин қарор 12 декабри соли 2019 дар рафти ҷаласаи 14-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО қабул шудааст.

    No date selected
    December 2022
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates