Дар Ӯзбекистон ларзишҳои зеризаминии аз заминларзаи дар Тоҷикистон рухдода эҳсос шуданд

    Имрӯз, 5 ноябр, соати 10:58 дар ҳудуди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон зилзила бо шиддати 4,3 балл ба қайд гирифта шуд. Ларзишҳои зилзила дар қаламрави Ӯзбекистон, аз ҷумла дар вилояти Сирдарё низ эҳсос гардиданд, ки қувваи он ба 2–3 балл расид.

    Тибқи маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии зилзилаҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон, қувваи зилзила дар маркази он 5 баллро ташкил дода, умқи манбаъ 12 километр зери замин ҷойгир будааст.

    Маркази зилзила дар масофаи 133 километр аз шаҳри Тошканд дар самти ҷанубу ғарб ҷойгир шуда, то вилояти Сирдарё 54 километр дурӣ доштааст.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates