Дар Ӯзбекистон заминларзаи марказаш дар Қирғизистон эҳсос шуд

    Имрӯз, 13 майи соли 2024, соати 11:44 ба вақти Тошканд дар Ӯзбекистон заминларза рух дод. Маркази заминларза дар Қирғизистон воқеъ будааст. Масофа то Тошканд дар самти шимолу шарқ 208 километр аст.

    Бино ба маълумоти Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, координатҳои заминларза инҳоянд: 41,6 дараҷаи арзи шимолӣ; 71,67 дараҷаи тӯли шарқӣ. Бузургии M=3,9. Чуқурӣ 10 км.

    Қувваи заминларза дар қаламрави Ӯзбекистон:

    Ноҳияи Янгиқӯрғон: 2 балл, 37 км.

    Ноҳияи Косонсой: 2 балл, 48 км.