Ӯзбекистон ба нақша гирифтааст, ки ба хонаводаҳои муҳоҷирони корӣ кумаки молӣ расонад

    Лоиҳаи қарори Девони Вазирон дар бораи чораҳо оид ба минбаъд такмил додани низоми муташаккилона бо кор таъмитн намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар хориҷа ба муҳокимаи умум гузошта шуд. Ҳуҷҷат аз ҷониби Вазорати шуғл ва коҳиши камбизоатӣ таҳия шудааст.

    Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ки ба оилаҳое, ки саробонашон ба сифати муҳоҷири меҳнатӣ ба хориҷи кишвар рафтаанд, ба шарте, ки онҳо ба Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дохил шудаанд, ба андозаи ду баробари андозаи базавии ҳисоб кӯмаки яквақта ҷудо карда шавад.

    Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки кумак ба аъзои оилаҳои имконияти ҷисмониашон маҳдуде, ки дар Феҳристи ягонаи таъминоти иҷтимоӣ сабт шудаанд ё ба яке аз “дафтарҳо "оҳанӣ”, “занон” ё “ҷавонон” дохил шудаанд ва саробони онҳо барои дарёти даромад ба хориҷ рафтааст, пардохт карда шавад.

    Ғайр аз ин, хешу табори муҳоҷирони меҳнатие, ки ба нафақа баромадаанд ё ногироҳои гурӯҳҳои I ва II доранд, метавонанд ба муассисаҳои табобатии санаторию профилактикии низоми иттифоқҳои касаба роҳхати яквақтаи бепул гиранд.

    Ҳамчунин, пешбинӣ шудааст, ки ба лагерҳо ба фарзандони шаҳрвандоне, ки дар Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ сабти ном шудаанд ва ё ба “дафтарҳо” дохил шудаанд ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, роҳхатҳои бепул дода шаванд.

    Ин тадбирҳо пешниҳод карда мешаванд, ки аз 1 октябри соли 2024 ҷорӣ карда шаванд. Таъкид карда мешавад, ки кумак дар асоси тавсияномаҳои ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва маҳаллаҳо расонда мешаванд.

    Муҳокимаи лоиҳа то 27 июли соли ҷорӣ идома хоҳад кард.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates