Дар Ӯзбекистон дар соли 2026 барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронда мешавад

    Дар портали баррасии лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ лоиҳаи Фармони Президент дар бораи баргузор намудани барӯйхатгирии аҳолӣ аз 15 июл то 21 августи соли 2026 эълон шуд.

    Бо ин мақсад дар назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд комиссияи ҷумҳуриявӣ ва ҳудудӣ ташкил карда мешавад.

    Дар солҳои 2024-2026 воситаҳои зарурии техникӣ ва барномавӣ барои гузарондани барӯйхатгирии аҳолӣ аз ҳисоби қарзҳои имтиёзноки Бонки ҷаҳонӣ харид карда хоҳанд шуд.

    Ба идораҳои масъул супориш дода шудааст, ки то 1 июли соли 2025 насби аломатҳои номи маҳаллаҳо ва кӯчаҳо, инчунин рақамгузории пурраи хонаву ҳавлиро ба анҷом расонанд.

    Муҳокимаи лоиҳа то 6 ноябр идома хоҳад кард.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates