Дар Ӯзбекистон пешниҳод менамоянд, ки барои маҳбусон дастпонаҳои электронӣ ҷорӣ кунанд

    Бехатарӣ 2 Aprel 2024 1764

    Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон пешниҳод мекунад, ки то соли 2025 барои шахсони аз озодӣ маҳкумшуда ё дар ҳабси хонагӣ қарордошта дастпонаҳои электронӣ ҷорӣ карда шаванд, гуфта мешавад дар лоиҳаи қарори Девони Вазирон.

    Ҳуҷҷат дар портали баррасии лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ки то 11 апрел давом мекунад, нашр шудааст. Ҳуҷҷатро Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ таҳия кардааст.

    "Таҷрибаи таъмини ашхоси аз озодӣ маҳкумшуда ва дар ҳабси хонагӣ қарордошта бо дастпонаҳои электронӣ барои пешгирӣ аз содир намудани ҷиноятҳои такрорӣ роҳандозӣ карда шавад", — гуфта мешавад дар матни ҳуҷҷат.

    Мувофиқи лоиҳаи қарор пешниҳод карда мешавад, ки тартиби нави истифодаи дастпонаҳои электронӣ аз 1 май зина ба зина ҷорӣ карда, он дар тамоми Ӯзбекистон то охири соли 2024 ба анҷом расонда шавад.

    Дастпонаҳои электронӣ ба занони ҳомиладор, инчунин шахсоне, ки аз як қатор касалиҳо азият мекашанд ва камбудиҳои ҷисмонӣ доранд, насб карда намешавад, қайд шудааст дар ҳуҷҷат.

    Дастпонаҳои электронӣ дар низоми ҷазои Ӯзбекистон дар фаъолияти хадамоти пробация аз соли 2020 ҷорӣ карда шудааст. Ҳамзамон, ба нақша гирифта шуда буд, ки барои пайгирии афроди ба ҳукми шартӣ маҳкумшуда 3 ҳазор дастгоҳи электронӣ харид карда шавад.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates