Дар Ӯзбекистон лоиҳаи «Ko‘ngil ko‘zi» бо ёрии зеҳни сунъӣ ба марҳалаи нав баромад

    Рақамисозӣ 17 Sentabr 2025 1119

    Минбаъд дар кӯдаконе, ки пеш аз муҳлат таваллуд шудаанд, аз рӯзҳои аввалини ҳаёташон бемории ретинопатия (осеби чашм)-ро ташхис кардан мумкин аст. Ин иқдом ба наҷоти қобилияти биноии ҳазорон кӯдак кӯмак мекунад! Дар ин бора роҳбари Администратсияси Президент Саида Мирзиёева дар канали телеграми худ хабар додааст.

    Дирӯз Саида Мирзиёева бо лоиҳаҳои инноватсионии Маркази рақамии тандурустӣ шинос шуд. Қайд гардид, ки то имрӯз маълумоти тиббии электронии 33 миллион шаҳрванд ба низоми ягонаи DMED ворид гардидааст. Ин иқдом кори табибонро сабук карда, барои тамоси бештар бо беморон имконият фароҳам меорад.

    Инчунин, Маркази ситуатсионӣ таъсис ёфтааст, ки сатҳи машғулияти ҳар як шифокор ва ҳолати таҷҳизоти тиббиро дар вақти воқеӣ нишон медиҳад ва бо ин роҳ ба тақсими самараноки захираҳо кумак мекунад.

    «Ман хурсандам, ки лоиҳаи "Чашми дил", ки ҳафт сол боз дар кишварамон амал мекунад, бо ёрии зеҳни сунъӣ ба марҳалаи нав баромадааст. Акнун дар кӯдаконе, ки пеш аз муҳлат таваллуд шудаанд, аз рӯзҳои аввали ҳаёт ташхиси ретинопатия имконпазир шудааст. Ин барои нигоҳ доштани қобилияти биноии ҳазорон кӯдак кӯмак мекунад! Бо технологияи нав, метавон дар кӯдакон то 90 фоиз ҳолатҳои нобино шуданро пешгирӣ кард. Ин маънои онро дорад, ки ҳазорон оила умед пайдо мекунанд», — гуфт Саида Мирзиёева.

    Инчунин, дар тақдимот технологияҳои ташхиси саривақтии сактаи мағзӣ ва саратон (саратони ғадуди сина) ва дигар навовариҳо муаррифӣ шуданд.

    «Бешубҳа, зеҳни сунъӣ наметавонад ҷойгузини табибони касбӣ гардад, аммо ба ёрдамчии боэътимоди онҳо табдил ёфта, барои сарфаи вақт ва нерӯи мутахассисон хидмат мекунад. Ба Маркази рақамии тандурустӣ як таманно дорам — бигзор ин лоиҳаҳо, ки барои ҳифзи саломатии миллат ёрӣ мерасонанд, бомуваффақият амалӣ шуда, барои мардум манфиат оваранд! Ба шумо ташаккур мегӯям», — омадааст дар хабар.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates