Дар Ӯзбекистон Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон баргузор мешавад

    Фарҳанг 17 Iyul 2024 266

    Рӯзҳои 18-22 июл дар Ӯзбекистон Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон баргузор мешаванд.

    Дар ҳайати 250 нафарии Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти сарварии вазири фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони ин кишвар Олтинбек Мақсутов намояндагони маъруфи фарҳанг, илм, адабиёт ва санъат шомиланд.

    Дар байни онҳо коркунони музеи таърихии миллӣ, коллективҳои эҷодии ансамбли фолклорӣ-этнографии «Камбаркан»-и назди Филармонияи миллии Қирғизистон ба номи Т. Сатилганов, оркестри эстрадиву симфонии ба номи Ч. Коҷомҷаров, Дастаи давлатии рақси “Ак-Марал»-и Қирғизистон, рақсҳои халқии «Дилгир» ва «Шатиқ», Театри миллии Қирғзистон «Манас», инчунин Театри давлатии академии мусиқию драмавии Уш ба номи Бобур ҳастанд.

    Дар Қасри анҷуманҳо маросими ифтитоҳи тантанавии чорабинӣ ва консерти муштарак бо иштироки ҳунармандони Ӯзбекистону Қирғизистон баргузор мешавад, хабар медиҳад ӮзА.

    Ҳамчунин мулоқоти намояндагони адабиёт ва санъати ду кишвар, ифтитоҳи маркази фарҳангиву намоишии “Қирғиз Айилӣ” дар боғи “Гумбазҳои кабуд” ва Рӯзҳои синамои Қирғизистон баргузор мешавад.

    Дар доираи сафари худ ба Ӯзбекистон меҳмонон аз Бухоро дидан мекунанд.



    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates