Дар Ўзбекистон таснифгарҳо оид ба суғуртаи ҳаёти инсон васеъ гардонда шуданд

    Дар ин бора муовини директори Агентии рушди бозори суғурта Ботир Усмоналиев дар брифинг дар АИКО хабар дод.

    Таъкид гардид, ки мувофиқи қарори дахлдори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон "Таснифгари фаъолияти суғурта" аз ҳисоби ҷорӣ кардани синфҳои иловагии суғурта васеъ гардонда шуданд.

    Дар баробари ин ба чор синфи мавҷудаи соҳаи суғуртаи ҳаёт боз се тоифа илова карда шуд.

    Аз ҷумла:

    синфи № V – «Суғуртаи ҳаёт барои таъмини ӯҳдадориҳо»;

    синфи VI – «Суғуртаи ихтиёрии нафақавии дарозмуддат»;

    синфи VII – «Суғуртаи ҳаёт бо баргардонидани сармоя».

    Инчунин, ба 17 синфи мавҷудаи суғуртаи умумӣ як синфи суғурта илова карда шуд.

    Аз ҷумла:

    синфи № 18 – яъне «Сугуртаи тиббӣ». Дар ин маврид ин маҷмӯи намудҳои суғурта буда, кафолат медиҳад, ки шахси суғурташуда мувофиқи шартҳои дар шартномаи суғурта нишон додашуда ёрии тиббӣ гирад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates