Дар Ӯзбекистон Ҳафтаи байналмилалии сайёҳии зиёратӣ баргузор мешавад

    Сайёҳӣ 15 Avgust 2022 2425

    Аз 1-ум то 7-уми ноябри соли ҷорӣ дар чанд манотиқи кишварамон Ҳафтаи байналмилалии сайёҳии зиёратӣ баргузор мешавад.

    Дар чаҳорчӯби ҳафта намоишгоҳҳо, семинарҳо, конфронсҳои илмию амалӣ ва чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, ки ба рушди сайёҳии зиёратӣ ва тарғиби тӯҳфаҳои мавзӯӣ нигаронида шудаанд, баргузор мегарданд.

    Иштирокчиёни чорабинӣ инҳоро интизоранд:

    конфронси "Мероси исломии Ӯзбакистон", фестивали таронаҳо ва сурудҳои мардумӣ дар маркази нави сайёҳии "Silk Road" дар Самарқанд;

    Фестивали «Ko^ngil ohanglari» ("Оҳангҳои қалб") дар Регистон, саёҳати ҷойҳои ҷолиби диққати шаҳри Самарқанд;

    форуми «Хатмкунандагони мадрасаи Мир Араб», саёҳат ба ҷойҳои дидании шаҳри Бухоро;

    намоишгоҳҳои «Меъмории муосири исломӣ» дар маҷмааи ёдгории Баҳоуддин Нақшбанд ва «Хаттотии исломӣ ва нақшу нигори ороишӣ» дар маркази ҳунарҳои «Нақшбанд» дар Бухоро;

    конфронс бахшида ба «мероси илмии Маҳмуд аз Замахшарӣ» дар маркази Ичан-қалъа, намоишгоҳҳои байналмилалии ҳунарҳо ва ярмаркаи устодони санъати амалӣ ва ҳунармандони халқҳои гуногун «Устодони ҷаҳон», бахшида ба «Хива пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом», конфронси «Пандҳои Наҷмиддини Кубро» дар Хива;

    «мизи мудаввар» дар мавзӯи «Иқтисоди исломӣ», намоишгоҳи «Либосҳои миллӣ», экскурсия ба маҷмааи Ҳазрати Имом дар Тошканд;

    конфронси “Сайёҳии ҳалол” дар конгресс-холи “Tashkent City”, фестивали “Ҳалол таомлар” дар боғи “Наврӯз”, маросими пӯшидашавии ҳафтаи байналмилалии сайёҳии зиёрат, гала-консерт дар “Tashkent City”.

    Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби ҳафтаи ҷорӣ баргузории нишастҳои матбуотӣ ва брифингҳо бо инъикоси ҳамаҷонибаи ин рӯйдодҳо дар расонаҳои дохилию хориҷӣ дар назар аст.

    Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи асосии баргузории Ҳафтаи байналхалқӣ боз ҳам самараноктар истифода бурдани иқтидори сайёҳии зиёрат дар кишвар, муаррифии Ӯзбекистон ба унвони яке аз муҳимтарин марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, ба даст овардани эътирофи баланд аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин диверсификатсияи хизматрасониҳои сайёҳии зиёратӣ ва афзоиши содироти сайёҳӣ мебошад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates