Дар Ӯзбекистон шиносномаи рухсатдиҳӣ ба мактаби ронандагӣ тасдиқ шуд

    Таълим 21 Avgust 2023 1708

    Қарори Девони Вазирон аз 17 августи соли 2023 № 396 «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба такмили қонунгузорӣ оид ба иҷозатномадиҳӣ ба хизматрасониҳои таълимии ғайридавлатӣ бобати омодагӣ ва азнавтайёркунии ронандагони нақлиёти автомобилӣ ва нақлиёти электрикии шаҳр» қабул карда шуд.

    Тағйироти воридшуда шиносномаи иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти мактабҳои ронандагиро тасдиқ мекунад, ки тибқи он:

    иҷозатнома ба шахси ҳуқуқӣ дода мешавад;

    мақоми иҷозатномадиҳанда Вазорати корҳои дохилӣ мебошад;

    хироҷ барои баррасии ариза - 2 ААҲ, боҷи давлатӣ барои додани иҷозатнома - 10 ААҲ;

    ба ариза замима карда мешавад:

    хулосаи хадамоти сӯхторнишонӣ ва санитарию эпидемиологӣ; маълумот дар бораи ҳайати омӯзгорон;

    нусхаи электронии нақшаву барномаҳои таълим ва ғайра.

    Ҳуҷҷат дар Пойгоҳи миллии маълумотҳои қонунгузорӣ нашр шудааст ва аз 19 ноябри соли 2023 эътибор пайдо мекунад, хабар медиҳад «Norma».

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates