Қобили зикр аст, ки солҳои охир ҳамкориҳо миёни вазорати дифои Ӯзбекистон ва Гвардияи миллии иёлати Миссисипи ба таври қобили мулоҳиза фаъолтар ба назар мерасад. Кормандони низомии ду кишвар чорабиниҳои муштараки амалӣ, аз ҷумла тамринҳо, машқҳо мегузаронанд, инчунин табодули иттилоот ва ҷустуҷӯи роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ дар бахшҳои гуногунро ба роҳ мондаанд.
Аз ҷумла, аз соли 2019 сар карда, низомиёни Ӯзбекистон ҳамасола дар машқҳои муштараки "Зарбаи ҷануб" ва мусобиқаҳои "Беҳтарин ҷанговар", ки дар пойгоҳи марказҳои таълимии "Кэмп Шелби", "Кемп Маккейн" "Голфпорт" гузаронда мешаванд, ширкат мекунанд. Намояндагони Вазорати дифои Ӯзбекистон бо ҳайати низомии Гвардияи миллии иёлати Миссисипӣ ба қадри кофӣ рақобат мекунанд ва чандин сол паиҳам дар мусобиқаҳои Иёлоти Муттаҳида соҳиби ҷоиза мешаванд.
Чи хеле ки намояндагони Гвардияи миллии иёлати Миссисипӣ таъкид намуданд, Иёлати Муттаҳида Ӯзбекистонро ҳамчун шарики стратегӣ қадр мекунад ва саҳми онро дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва дастгирии бехатарӣ ва устуворӣ дар Осиёи Марказӣ эътироф менамояд.
Ҷонибҳо таъкид карданд, ки равобити Ӯзбекистон ва иёлати Миссисипӣ бо динамикаи пуршиддат ва густариши пайвастаи ҳамкориҳои гуногунҷанба хос аст. Дар алоҳидагӣ, амиқтар шудани ҳамкориҳои доираҳои соҳибкорӣ ва илмӣ қайд карда шуд. Илова бар ин, миёни шаҳрҳои Зарафшон ва Клинтон ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади нигоҳ доштани шарикии наздик мунтазам боздидҳои мутақобилаи сатҳи олӣ ташкил карда мешаванд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.