Тибқи иттилои Узгидромет, дар рӯзҳои истироҳат вуруди сардӣ ба ҷумҳурӣ идома меёбад ва ҳарорати рӯзона то 28-31°C ва дар ҷануб то 33-36°C паст мешавад. Шабҳо низ сардтар хоҳанд шуд. Шабона ва субҳи барвақт ҳарорат то 13-18°C паст мешавад.
Гузариши фронти хунук дар ҷойҳо бо пурзӯршавии шамол то 17-22 м/с ба мушоҳида мерасад.
Дар қисмати дашти қаламрав чун пештара ҳавои хушк боқӣ мемонад, танҳо дар баъзе ҷойҳо дар осмон абр пайдо мешавад. Аммо дар минтақаҳои кӯҳӣ бориши боронҳои кӯтоҳмуддат аз эҳтимол дур нестанд. Ба ин муносибат дар доманакуҳ ва куҳсори ҷумҳурӣ хавфи селравӣ ҳаст.