Мувофиқи қарор, Ҷашнвораи байналмилалии этноспорт дар Хива аз 7 то 10 сентябри соли 2023 баргузор мегардад.
Бо қарор Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани фестивал тасдик карда шуд.
Тибқи Низомнома, ҷашнвора дар 2 сол як маротиба баргузор мешавад.
Дар чаҳорчӯби ҷашнвора аз он ҷумла инҳо ташкил карда мешаванд:
мусобиқаҳои байналмилалӣ бо иштироки варзишгарон;
чемпионати думарҳилаи ҷумҳуриявӣ оид ба палавпазӣ;
намоиши расмҳо ва осори ҳунарии гулдӯзӣ;
намоиши маҳсулоти сафолӣ;
намоишгоҳи адабиёти ба забонҳои ӯзбекӣ, форсӣ, арабӣ, русӣ нашршуда.
Дар доираи фестивал ғолибону ҷоизадорони озмунҳои байналмилалӣ бо медалу дипломҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Инчунин, аз миёни иштирокчиёни чорабинии варзишӣ ғолибон аз рӯи номинатсияҳои «Ҷавононтарин иштирокчӣ», «Беҳтарин варзишгари сазовори эътирофи мухлисон», «Варзишгари фахрӣ» муайян гардида, онҳо бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз гардонида мешаванд, хабар медиҳад Вазорати адлия .