Дар Хива Шӯрои доимии вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои ТУРКӢ баргузор шуд

    16 сентябр дар Хива ҷаласаи 38 -уми Шӯрои доимии вазирони фарҳанги кишварҳои ТУРКСОЙ баргузор шуд.

    Ба рӯзномаи ҷаласаи вазирон баррасӣ ва арзёбии корҳо пас аз ҷаласаи 37 -уми Шӯрои доимии ТУРКСОЙ, ки моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳри Ӯш (Қирғизистон) баргузор шуд, мувофиқати чорабиниҳо, ки дар давраи оянда иҷро хоҳанд шуд, ва тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо барои соли оянда ворид гардид.

    Дар маросими ифтитоҳи ҷамъомад муовини Сарвазир -- вазири сайёҳӣ ва варзиши Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов нутқ эрод кард. Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков, дабири кулли ТУРКСОЙ Дюсен Касейнов (онлайн), дабири кулли Шӯрои туркӣ Бағдод Амреев, вазири равобити хориҷии иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сийярто, вазирони фарҳанги мамлакатҳои узви ТУРКСОЙ ва роҳбарони ҳайатҳо пайғоми муборакбодӣ эрод намуданд.

    Ҳисобот дар бораи фаъолияти ТУРКСОЙ, фаъолияти молиявӣ, дар бораи чорабиниҳои дар доираи барномаи "Хива - пойтахти фарҳангии олами туркии соли 2020" гузаронадшуда тақдим гардиданд.

    Агентии иттилоотии «Дунё» хабар дод, ки маросими тақдимот ба амал омад ва пойтахти фарҳангии олами туркӣ дар соли 2022, ки шаҳри Бурсаи Туркияро интихоб шудааст, тасдиқ гардид.

    Номзадии шахсиятҳои барҷастаи ҷаҳони турк, санаҳои фаромӯшнашавандае, ки соли 2022 таҷлил карда мешаванд, низ баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд. Қарор шуд, ки ба ифтихори 100-солагии драматурги қирғиз Токтоболот Абдумомунов, 100-солагии оҳангсози озарбойҷонӣ Фикрет Амиров ва 600 -умин солгарди вафоти суфи машҳури турк Сулаймон Челебӣ чорабиниҳои ёдбуд гузаронида шаванд.

    Дар поёни ин мулоқот вазирони фарҳанги кишварҳои узви ин созмон Эъломияи ниҳоӣ ва Протоколи кории ҷаласаи 38-уми Шӯрои доимии ТУРКСОЙ -ро имзо карданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates