Дар вилояти Хоразм сокине шери ваҳширо ғайриқонунӣ дар хона нигоҳ доштааст

    Сайёраи сабз 20 Avgust 2024 874

    Чорабинии навбатии рейди фаврӣ дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи оперативии Инспексияи назоратии Раёсати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлими вилояти Хоразм ва кормандони ШКД дар шаҳри Урганч баргузор гардид.

    Дар ин бора вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлим хабар дод.

    Дар рафти рейд маълум шуд, ки шаҳрванд Э.С. як шери ваҳширо дар бинои воқеъ дар маҳаллаи "Ашхобод"-и шаҳри Урганҷ ғайриқонунӣ нигоҳ медоштааст. Нисбати ҳуқуқвайронкун тибқи моддаи 92 Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баённома тартиб дода шудааст. Ба Э.С. 5 баробари маблағи ҳисоби асосӣ — 1 миллиону 700 ҳазор сӯм ҷарима андохта шуд. Ҳайвони ваҳшӣ барои муваққатан нигоҳ доштан ба “Боғи ҳайвоноти Нуқус”, ки дар шаҳри Нуқуси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ҷойгир шудааст, супурда шуд.

    Барои рӯшан кардани ҳолатҳои марбут ба аз куҷо харида ва аз куҷо оварда шудани шер ҳуҷҷатҳои ҷамъоваришуда ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Урганч фиристода шуданд.


    No date selected
    October 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates