Дар ноҳияҳои Зомин ва Бахмал прокуратураи махсусгардонидашудаи ҳифзи табиат таъсис дода мешавад

    Сайёраи сабз 29 Aprel 2022 2072

    Қарори Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон аз 27 апрели соли 2022 №ҚП-226 "Дар бораи чораҳои иловагии таъмини иҷрои қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи табиат дар вилояти Ҷиззах" қабул гардид.

    Ба мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табииӣ дар ноҳияҳои Зомин ва Бахмали вилояти Ҷиззах, минбаъд беҳтар гардондани вазъияти экологӣ дар минтақа дар низоми Прокуратураи генералӣ прокуратураи махсусгардондашудаи Зомин оид ба назорати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи табиат ва барҳам додани истифодаи ғайриқонунии замин ташкил карда шуд.

    Вазифаҳои асосии прокуратураи махсус аз инҳо иборатанд:

    муқаррар намудани назорати доимӣ аз болои иҷрои санадҳои қонунгузорӣ, ки ба ҳифзи табиат, истифодаи оқилона ва ҳифзи заминҳо барои мақсадҳои саломатӣ ва рекреатсионӣ, заминҳои фонди ҷангал ва об, аз ҷумла заминҳои Боғи миллии табиии Зомин ва мамнӯъгоҳи давлатии Зомин дар ҳудуди ноҳияҳои Зомин ва Бахмали вилояти Ҷиззах нигаронида шудаанд;

    андешидани чораҳо оид ба муҳофизати табиат, пешгирии худсарона забт кардани заминҳо ба мақсадҳои солимгардонӣ ва истироҳатӣ дар ноҳияҳо, инчунин дар онҳо сохтмони биноҳои ғайриқонунӣ;

    дар ноҳияҳо гузаронидани назорати доимии истифодаи мақсаднок ва самараноки заминҳои фонди ҷангал ва об;

    муқаррар намудани назорати қатъии прокурорӣ барои риоя ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, ки ба ҳифзи табиат, қаър, олами наботот ва ҳайвонот дар ҳудуди ноҳияҳо нигаронда шудааст;

    расондани кумак дар татбиқи вазифаҳои оид ба рушди минбаъдаи иқтидори сайёҳии экологӣ дар ҳудуди минтақаи сайёҳӣ-рекреатсионии "Зомин" муқарраршуда, фароҳам овардани шароити мусоид барои сафарҳои туристӣ, ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ, минбаъд бештар гардондани сайёҳон; андешидани чораҳо барои пеш аз муҳлат ошкор намудан ва пешгирии ҳодисаҳои вайрон кардани конунгузории соҳа.

    Ҳуҷҷат дар Пойгоҳи миллии маълумотҳои қонунгузорӣ нашр шуда, аз 27 апрели соли 2022 эътибор пайдо кардааст, хабар медиҳад портали ҳуқуқии " Norma".

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates