Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Анна Берде ба ислоҳот дар Ӯзбекистон баҳои баланд дод

    Мулоқот бо намояндагони ҳайати Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии ноиби президент бинобар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Анна Берде баргузор гардид. Дар мулоқот аз ҷониби Ӯзбекистон муовини Сарвазир Ҷамшид Қўчқоров, вазири иқтисодиёт ва молия Шерзод Кудбиев, директори генералии Агентии ислоҳоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Вафаев, директори Агентии идоракунии активҳои давлатӣ Акмалхон Ортиқов, муовини вазири кишоварзӣ Аҳадбек Ҳайдаров ва муовини раиси Бонки марказӣ Беҳзод Ҳамроев иштирок карданд.

    Ҷонибҳо доир ба ислоҳот дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ дар самтҳои муҳими рушди сармояи инсонӣ, масъалаҳои баробарии гендерӣ ва мубориза бо тағирёбии иқлим табодули назар карданд. Лоиҳаҳои аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ оид ба корҳои стратегӣ, таҳлилӣ, иттилоотӣ ва оперативӣ дар кишвар татбиқшаванда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Дар рафти вохӯрӣ оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои лоиҳаҳои амалӣ оиди рушди бахши хусусӣ, фароҳам овардани шароит барои сармоягузорон ва хусусигардонӣ, рушди бозори сармоя, суръат бахшидан ба гузариш ба иқтисоди сабз, рушди бозори энергетикӣ ва баланд бардоштани самаранокии энергия, кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

    Дар навбати худ хонум Анна Берде ба ислоҳоти васеъмиқёси ҷалби бахши хусусӣ ба хизматрасонӣ ва вазифаҳои давлатӣ дар кишвари мо, IPO саҳмияҳои корхонаҳои давлатӣ дар бозори фондии маҳаллӣ (ҷойгиркунии ибтидоии саҳмияҳои ширкат дар бозорҳои фонд) ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баҳои баланд дод.

    Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо бобати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо оид ба лоиҳаҳои муштарак бо Бонки ҷаҳонӣ ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад Раёсати робита бо ҷомеаи Вазорати иқтисодиёт ва молия.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates