Дар оғози суҳбат В Норов Ҷ. Кулубаевро ба муносибати таъин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти касбиаш муваффақият орзу намуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ дар соҳаҳои мухталифи Ӯзбекистону Қирғизистонро баррасӣ карданд. Зимнан зикр гардид, ки ба шарофати иродаи сиёсии раҳбарони ду кишвар ҳамкориҳои Ӯзбекистону Қирғизистон тайи солҳои охир ба сатҳи сифатан нав баромада, бо мазмуни нав ғанӣ гардиданд.

Аҳамияти иҷрои саривақтӣ ва босифати тавофуқҳои дар ҷараёни мулоқотҳо ҳосилшуда ва андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати фаъолсозии минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра таъкид гардид.

Ҷадвал, рӯзнома ва ҷанбаҳои ташкилии чорабиниҳои дарпешистода баррасӣ шуданд.

Дар ҷамъбасти суҳбат, ки дар фазои самимӣ ва дӯстона сурат гирифт, оид ба идомаи робитаҳои мунтазам тавофуқ ҳосил шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.