Владимир Норов бо Директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле мулоқот кард

    20 сентябри соли 2022 дар ҳошияи иҷлосияи 77-уми Ассамблеяи генералии СММ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов бо Директори генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) Одри Азуле мулоқот кард.

    Ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва ЮНЕСКО ба таври муфассал баррасӣ шуд.

    Оид ба ҷадвал ва ҷанбаҳои ташкилии чорабиниҳои пешбинишуда мубодилаи афкор сурат гирифт.

    Одри Азуле гуфт, ки ЮНЕСКО ҷараёни ислоҳот ва дигаргуниҳо дар Ӯзбекистонро дастгирӣ намуда, омодагии Созмонро барои расонидани кумаки ҳамаҷониба ба ҷумҳурӣ дар татбиқи ташаббусҳои байналмилалӣ изҳор дошт. Вай инчунин ҷониби Ӯзбекистонро бо интихоб шуданаш ба Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки яке аз мақомоти бонуфузи роҳбарикунандаи ЮНЕСКО ба шумор меравад, табрик гуфт.

    Аҳамияти баланди якҷоя дар соли 2021 кушода шудани Кумитаи байналмилалии машваратии ҳифз ва тармими объектҳои мероси ҷаҳонӣ, ки бо ташабуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев амалӣ шудааст, қайд гардид.

    Масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд. Тайёрии созмон ба фаъолияти фаъол дар доираи пешбурди резолюцияи ЮНЕСКО «Раванди Хива: ҳавасмандгардонии ҳамкории байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ», ки соли 2021 бо ташаббуси Ӯзбекистон қабул шудааст, изҳор гардид, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ўзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates