Владимир Норов бо мутахассисони IT мулоқот баргузор кард

    Иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норов бо як гурӯҳ мутахассисони ҷавони ватанӣ оид ба технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, ки ба ҳайати он директори Маркази дастгирии соҳибкории ҷавонони Ӯзбекистон Меҳроҷ Рашидов, роҳбари ширкати "AI com" Улуғбек Исматов, муассиси Tass vision Шаҳзод Умирзоқов, директори ширкати “GPTuzAI” Розмат Сафаров ва дигарон дохил мешаванд, мулоқот анҷом дод.

    Намояндагони соҳа дар бораи фаъолияти худ суханронӣ намуда, муаррифии лоиҳаҳоро баргузор намуданд.

    Зимни муколамаи интерактивӣ оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои муосири IT дар фаъолияти дастгоҳи марказии вазорат ва муассисаҳои хориҷӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи дипломатия, бахусус дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, расонидани хадамоти консулӣ ва ҳуқуқӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди Big Data, фаъолсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ТИК мубодилаи афкор сурат гирифт.

    Дар бораи таҳияи масъалаи созмон додани платформаи муштараки IT дар асоси шарикии давлатию хусусӣ ҷиҳати мубодилаи афкор ва таҷриба, инчунин таҳияи пешниҳоди дақиқи амалӣ дар соҳаи рақамисозӣ мувофиқа ҳосил шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates