Дар бораи ин қарор хабаргузории Mehr бо истинод ба муовини раиси парлумони кишвар Хамид-Ризо Ҳоҷӣ Бобоӣ иттилоъ додааст.

Гуфта мешавад, ки қарор инчунин ба назорати видеоӣ, ки қаблан дар иншооте, ки МАГАТЭ мониторинг анҷом медод, амалӣ мешуд, дахл дорад.

«Эрон дигар Гроссиро ба иншооти ҳастаии худ роҳ намедиҳад ва инчунин иҷозат намедиҳад, ки дар он ҷо камераҳои назоратӣ насб шаванд», — гуфтааст манбаи нашрия.

Ин қарорро ҳукумат пас аз он қабул кард, ки дар санадҳои мақомоти Исроил иттилоот дар бораи ҳолати соҳаи ҳастаии Эрон ошкор гардид.

Қаблан маълум шуда буд, ки директори генералии МАГАТЭ Рафаэл Гросси изҳор дошт, ки ташкилот тарафдори ҳарчи зудтар барқарор кардани тафтишот дар қаламрави Эрон мебошад, менависад lenta.ru.