Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки нияти ба Туркманистон сафар кардан доранд

    Тандурустӣ 20 Iyun 2022 1566

    Вазорати тандурустӣ ва саноати тиббии Туркманистон ба тадбирҳои ҳатмии пешгирии бемориҳои сироятии мавсимӣ дар байни аҳолӣ тағйирот ворид кард.

    Ба иттилои "Turkmenportal", дар Туркманистон пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ҳатмӣ аст:

    дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Туркманистон;

    дар ҳама намудҳои нақлиёти ҷамъиятӣ;

    дар ҷойҳои ҷамъиятии пӯшида.

    Ин қоидаи ҳатмӣ ба ҳамаи шаҳрвандон, ба истиснои кӯдакони синни томактабӣ дахл дорад.

    Гуфта мешавад, ки сабукгардонии чораҳо ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон ва минтақа рабт дорад.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates