Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати энергетика хабар дод.

Таъкид шудааст, ки бинобар якбора паст шудани ҳарорати ҳаво талабот ба гази табиӣ хеле афзоиш ёфта, дар баъзе минтақаҳо кам шудани фишори газ дар қубурҳо мушоҳида мегардад.

Дар навбати аввал бо гази табиӣ таъмин кардани хонаҳои аҳолӣ, муассисаҳои тиббӣ ва таълимӣ вазифаи афзалиятнок ба ҳисоб меравад.

Аз ин рӯ, дар фаъолияти истгоҳҳои компрессории пуркунии газ барои автомобилҳо (заправкаҳои метанӣ) маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ карда мешавад.

Ин чора танҳо барои дар рӯзҳои сард ҷиҳати таъмини устувори аҳолӣ бо гази табиӣ равона гардида, бо ба эътидол омадани вазъият маҳдудиятҳо бекор карда мешаванд.

Гуфта шуд, ки вобаста ба вазъи минтақаҳо маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад.

Ҳамзамон, бо мақсади қонеъ гардондани ниёзҳои аҳолӣ, таъминоти газ барои объектҳои соҳаи иҷтимоӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ бе маҳдудият ва ба таври устувор идома меёбад. Таъмини кори бефосилаи ин навъи нақлиёт дар нигоҳ доштани сифати хизматрасонӣ, ки ба аҳолӣ расонида мешавад, аҳамияти калон дорад.