Дар ин мусобиқа, ки бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии низомӣ ва баланд бардоштани нуфузи хизмати ҳарбӣ дар қисмҳои махсус ташкил карда шуд, низомиёни мо бо ҳайати низомии воҳидҳои махсуси Гвардияи миллии ИМА қувва озмуданд.
Дар рафти мусобиқа кормандони низомии мо аз чунин шартҳо, аз қабили санҷишҳои инфиродии омодагии ҷисмонӣ (Fitnes test, иборат аз 6 машқ), рафъи фишори ҷисмонӣ ва равонӣ, шабона дар 15 км нишон додани мавқеи худ, марш-бросок ба масофаи 20 км бо бори пурраи 15 кг, санҷишҳои тестӣ аз тайёрии ҷангӣ ва умумӣ, навиштани иншо (ҳадди ақал 500 калима дар мавзӯи ҳамкориҳои ҷангӣ), идоракунии оташфишонии артиллерия, ҷудо кардан, васл кардан ва ба ҳолати ҷангӣ овардани силоҳи оташфишони амрикоӣ, инчунин тирпарронӣ аз он дар тарзу усулҳои гуногун ва дар шароитҳои гуногун, тайёрии тиббӣ, мудофиа аз яроқи қатли ом ва машқҳои ғайричашмдошт (ногаҳонӣ) бомуваффақият гузаштанд.
Хидматчиёни ҳарбӣ марш-бросокро ба масофаи 20 километрро бо бори пурраи 15 кг дар 1 соату 54 дақиқа анҷом дода, рекорди мусобиқаро нав карданд.
Дар мусобиқаи мазкур ҳайати низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо неруи баланди зеҳнӣ, омодагии ҷисмонӣ ва боварии комил ба пирӯзӣ дар байни дигар иштирокчиён фарқ карда, натиҷаҳои баландтарин нишон дода, ғолиби мусобиқа гардиданд.
Департаменти иттилоот ва коммуникатсияи оммавии Вазорати мудофиа.