Мувофиқи барномаи даҳрӯзаи машқҳо, тамринҳои тирпаронӣ аз намудҳои гуногуни силоҳи оташфишон, тарзи ҷанг дар қаламрави аҳолии шартӣ, таҳлили амалҳо ва усулҳои коҳиши фишори равонӣ гузаронида шуданд.
Бо мақсади омодагии пурра ба марҳилаи асосии машқҳо ва таъмини анҷоми муваффақонаи онҳо, амалиёти муштарак дар чанд марҳила гузаронида шуд. Ҳадафи асосии он амалӣ кардани воридшавии босуръат ва фаврӣ ба қаламрави душмани шартӣ буд.
Марҳилаи ниҳоии машқҳо таҳти назорати афсарони масъули Вазорати мудофиа, фармондеҳи қӯшунҳои Округи марказии ҳарбӣ ва роҳбарияти ҳайати низомии Қазоқистон баргузор шуд.
Дар оғози машқҳо, ҳамлаи миномётчиён, снайперҳо, пулемётчиён ва бесарнишинҳо ба биноҳое, ки душмани шартӣ дар он ҷой дошт, ташкил карда шуд. Баъд аз он гурӯҳи задагарди муштарак дар се бино амалиёти поксозиро гузаронд. Ин амалиёт бо ёрии техникаи ҳарбӣ ва сагҳои хидматӣ дар чанд дақиқа ба анҷом расид.
Дар маросими пӯшидашавии машқҳо ба масъалаи таҳкими минбаъдаи дӯстии байни ду кишвари бародар аҳамияти махсус дода шуд. Ҳамчунин, ба гурӯҳи низомиёне, ки фаъолона ширкат карданд, нишонҳои сарисинагии махсуси вазоратҳои мудофиа дода шуданд.
Департаменти иттилоот вва коммуникатсияҳои оммавии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон.