Ҳарбиёни Ўзбекистон ва Қазоқистон машқҳои якҷояи махсуси тактикӣ мегузаронанд

    Сарҳади ҳарбӣ 8 Avgust 2023 5492

    Дар машқгоҳи «Оймаш»-и Ҷумҳурии Қазоқистон машқҳои муштараки махсуси тактикии ҳайати низомии вазоратҳои мудофиаи Ӯзбекистон ва Қазоқистон оғоз ёфт.

    Дар оғози машқҳо вазифаҳои воҳидҳои низомии ду кишвар баррасӣ шуданд.

    Муноқишаҳои мусаллаҳонаи муосир дар ҷаҳон истифодаи васеътари усулу усулубҳои навтарини ҷанг дар байни қӯшунҳо, табодули таҷриба бо артиши пешқадами кишварҳои дигар, омодагии доимӣ ба вазъиятҳои мухталифи муташанниҷ ва мунтазам такмил додани донишу малакаро бо истифода аз технологияи навтарин тақозо мекунанд. Дар рафти ин машкхо ба ин ҷиҳатҳо диққати махсус дода мешавад.

    Қисмҳои низомии ду кишвар дар бахшҳои дахлдор ба ҷузъу томҳои инфиродӣ ва гурӯҳӣ тақсим шуда, пас аз он давраҳои омӯзишӣ оғоз шуданд.

    Дар доираи ин тамринҳо ҳайати низомиён маршро дар масофаи дур иҷро намуда, омодагии ҷисмонии онҳо месанҷанд ва давидан ба масофаи 45 километр бо таҷҳизоти пурраи ҷангӣ ва санҷиши сатҳи дониш дар омодагии тактикӣ ва тиббӣ гузаронида мешавад.

    Раёсати иттилоот ва коммуникатсияи оммавии Вазорати мудофиа.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates