СУТ аз афзоиши эҳтимолии бемориҳои вирусии тропикӣ ҳушдор медиҳад

    Тандурустӣ 22 Iyun 2023 1770

    Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) барои омодагӣ ба афзоиши беморони гирифтори бемориҳои вирусии тропикӣ дар солҳои 2023 ва 2024 чорабиниҳоро ба роҳ монд. Ба иттилои Reuters, интизор меравад, ки падидаи обу ҳавои Эл Нино боиси афзоиши бемориҳо гардад.

    Ба гуфтаи раиси Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус, афзоиши гирифторони табларзаи денге, сирояти вируси Зика ва чикунгуния дар назар аст. Ҳамаи ин бемориҳо ба воситаи газидани магас ба одамон мегузарад, менависад Gazeta.ru.

    "Дар даҳсолаҳои охир мизони бемории табларзаи хунӣ дар саросари ҷаҳон ба таври назаррас афзоиш ёфтааст, бахусус дар Амрико, ки соли гузашта дар бораи 2,8 миллион нафар ва 1280 нафар фавтидагон гузориш дода шуда буд", - гуфт роҳбари СУТ.

    Падидаи Эл-Нино афзоиши беш аз 3°С-и сатҳи уқёнуси Оромро номбар менамояд, ки боиси хушксолии шадид, обхезӣ, боришот ва болоравии ҳарорати замин мегардад. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, дар соли 2016 офатҳои марбут ба Эл-Нино тақрибан ба 60 миллион нафар дар 30 кишвари ҷаҳон зарар расонд.

    Гебрейесус аз кишварҳо даъват кард, ки ба ҳолатҳои фавқулоддаи нав фаъолона омодагӣ гиранд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates