СУТ даъват кард, ки аз барномаҳои азнавэмкунӣ аз COVID-19 даст кашанд

    Муҳим 15 Sentabr 2021 821

    Коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон, ки дар онҳо ревакцинация аз навъи нави коронавирус ҷараён дорад, даъват карданд, ки аз ин даст кашанд ва ваксинаҳои зиёдатиро ба он кишварҳо фиристанд, ки дар онҳо ҳиссаи одамони эмгузаронидашуда паст боқӣ мемонад.

    “Захираҳои ваксинаҳо то ҳол хеле маҳдуд аст. Ҳатто агар тақвияти масунияти шахсони эмгузаронидашуда судманд бошад ҳам, ин таъсир аз афзалиятҳое, ки инсоният аз ваксина кардани аҳолии эмнашуда мегиранд, зиёдтар нахоҳад буд. Ба туфайли ин мо метавонем анҷоми пандемияро наздиктар кунем” -- гуфт Анна-Мария Энао-Рестрепо, роҳбари Барномаи рушди ваксинаҳои СУТ.

    Пайдоиши варианти "дельта" ва дигар навъҳои нави коронавирус боиси тарсу ҳарос гардид, ки дар ояндаи наздик метавонад версияҳои нави вирус пайдо шаванд, ки ба амали ваксина ва антителаҳои одамони бемор тобовар бошанд, хабар медиҳад ТАСС.

    Чунин мулоҳизаҳо мақомоти бисёр кишварҳои ҷаҳонро водор сохт, ки дар бораи гузаронидани барномаҳои миллӣ оид ба азнавэмкунии аҳолӣ фикр кунанд. Масалан, ҳукумати Исроил аввалин шуда дар охири тобистони соли 2021 чунин барномаро роҳандозӣ кард.

    Энао-Рестрепо ва ҳамкасбони ӯ дар СУТ ва дигар созмонҳои тандурустӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд, ки чунин барномаҳои реваксинатсия ба вазъи эпидемиологии ҷаҳон то чӣ андоза таъсири мусбат мерасонад. Онҳо афзалиятҳо ва нуқсонҳои онро бо он чизе муқоиса мекарданд, ки агар ваксинаҳои зиёдатӣ ба кишварҳое фиристода мешуданд, ки шумораи шахсони ваксинзананда кам ё наздик ба сифр мемонданд.

    Олимон натиҷаҳои тадқиқотро, ки дар моҳҳои охир дар саросари ҷаҳон гузаронида шуда буданд, таҳлил карданд ва ҳадафи омӯзиши он буданд, ки самаранокии кори ваксинаҳо пас аз пайдоиши вариантҳои нави SARS-CoV-2 чӣ гуна тағйир ёфтааст. Илова бар ин, коршиносон таҳлил карданд, ки самаранокии ваксинаҳо бо мурури замон чӣ қадар зуд меафтад.

    Муҳаққиқон ба хулосае омаданд, ки ҳамаи ваксинаҳои дар айни замон истифодашаванда, аз ҷумла ғайрифаъол ва аз РНК-и қолибӣ асосёфта, самаранокии худро идома медиҳанд -- онҳо 65-90% сироятҳоро пешгирӣ мекунанд ва 80-100% беморонро аз вазнин гузаштани COVID-19 муҳофизат мекунанд. Ин барои ҳамаи беморони ваксинагирифта бо назардошти он ки самаранокии баъзе ваксинаҳо бо мурури замон зуд коҳиш меёбад, хос аст.

    Аз тарафи дигар, шахсони эмнашуда ба сироят ниҳоят осебпазир боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, олимон пешниҳод мекунанд, ки доираи одамоне, ки бар зидди COVID-19 ваксина мегиранд, ба ҳадди аксар расонида шавад. Ин тақозо мекунад, аз барномаҳои миллии аз нав эмкунӣ даст кашида, ваксинаҳо ба минтақаҳои ҷаҳон, ки ҳоло онҳо дастрас нестанд, интиқол дода шавад.

    Ба гуфтаи коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, чунин тадбирҳо ба таври муассиртарин ба анҷомёбии пандемияи глобалии COVID-19 мусоидат мекунанд ва инсониятро аз пайдоиши штаммҳои нави SARS-CoV-2 муҳофизат менамоянд, ки метавонанд боз ҳам самарабахштар зидди антитело ва дигар шаклҳои вокуниши иммунӣ мубориза баранд

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates