СУТ: мизони бемории вабо дар ҷаҳон дар як моҳ 58 дарсад афзоиш ёфтааст

    Тандурустӣ 2 Iyul 2024 1463

    Дар моҳи май дар саросари ҷаҳон 46 ҳазору 424 ҳодисаи мубтало ба вабо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳи апрел 58% бештар аст. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

    Дар моҳи май дар 19 кишвари ҷаҳон сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар давоми як моҳ 185 бемор фавтиданд.

    Дар Афғонистон ва Покистон бемории зиёд ба қайд гирифта шудааст. Дар он ҷо дар моҳи май дар маҷмӯъ беш аз 26 ҳазор ҳолати сироятёбӣ ошкор карда шуд.

    Тибқи маълумоти СУТ, аз 1 январ то 24 майи соли 2024 дар саросари ҷаҳон 194 ҳазору 897 ҳолати гирифторӣ ба вабо ба қайд гирифта шудааст. 1 932 бемор фавтиданд.

    СУТ дар моҳи январи соли 2023 гузориш дод, ки он афзоиши ҳодисаҳои вабо дар саросари ҷаҳонро "як ҳолати фавқулоддаи дараҷаи сеюм" арзёбӣ кардааст. То моҳи майи соли 2024, созмон "дар асоси шумораи хуруҷи беморӣ дар ҷаҳон ва тақсимоти ҷуғрофии онҳо, инчунин набудани ваксинаҳо ва дигар захираҳо, хатарро дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле баланд арзёбӣ мекунад".

    СУТ инчунин қайд кард, ки талабот ба ваксинаҳои вабо аз пешниҳод зиёд аст. Тибқи иттилои ин созмон, аз моҳи январи соли 2023 то моҳи майи соли 2024 16 кишвар 92 миллион вояи дору дархост кардаанд ва дар ин муддат 49 миллион дона истеҳсол шудааст.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates