«Мо кӯшиш мекунем, ин масъаларо ҳал кунем, бояд муҳоҷирон ворид карда шаванд. Ҳоло коргарон ба дараҷаи фалокатовар намерасанд. Ба фикрам, дар моҳи оянда тартиби ба сохтмонҳо овардани коргаронро соддатар хоҳем кард», - гуфт Хуснуллин дар посух ба суоли аввалин чартер бо муҳоҷирони меҳнатӣ кай  ба сохтмони машқгоҳи Шарқӣ амалӣ гардонда мешавад, хабар медиҳад ТАСС.

Дар нимаи моҳи июл муовини вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Федератсияи Русия Никита Стасишин ба рӯзноманигорон гуфт, ки Вазорати сохтмон имкони ба қаторҳои чартерии роҳи оҳани Русия овардани муҳоҷирони меҳнатиро ба минтақаҳои кишвар истисно намекунад.

Қаблан Хуснуллин хабар дода буд, ки норасоии захираҳои меҳнатӣ дар майдонҳои  сохтмони Русия, ки баста шудани марзҳо ва ғайриимконии ҷалби коргарони хориҷӣ боис шудааст, дар маҷмӯъ ба 1,5-2 миллион нафар мерасад. Ҳамзамон, ӯ тавзеҳ дод, ки маоши коргарон аз ҳисоби камёбӣ дар ҷойҳо 50 фоиз ва дар баъзе ҷойҳо - ду баробар афзудааст.

Вай инчунин қайд кард, ки ба болоравии нархи манзил дар Русия ҷамъи омилҳо, аз ҷумла хуруҷи муҳоҷирон аз кишвар боис шудааст.